САҲА хостори таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст

Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов вохӯрд. Тавре дар иттилои интишоршуда аз ҷониби САҲА қайд мешавад, ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли […]

Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов вохӯрд.

Тавре дар иттилои интишоршуда аз ҷониби САҲА қайд мешавад, ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА № 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов ва Сафир Юрёля оид ба дурнамоӣ ва авлавиятҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби мандати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табодули назар карданд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дастгирии Тоҷикистон аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳоло ҳам бамаврид аст.  

Сафир Юрёля қайд намуд, ки ҳангоми банақшагирии барномаҳои ояндаи Дафтар авлавиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили бехатарии марзҳо, рушди устувори иқтисодӣ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатие, ки аз муҳоҷират бармегарданд, бояд ба назар гирифта шаванд.

Ӯ таъкид кард, ки Дафтари барномаҳо хоҳон аст, ки  имкониятҳои навро барои таҳкими ҳамкорӣ омӯзад, то иштироки кишвари мизбонро дар татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои Дафтар таъмин намояд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.