Дилшод Назаров бори 4-ум қаҳрамони Осиё шуд

Дар шаҳри Бхубенешвараи Ҳиндустон мусобиқаи Чемпионати ХХII-уми Осиё оид ба варзиши сабук анҷом ёфт. Тавре ки пешгӯӣ мешуд, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозӣ ғолиб омада, бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Осиё дар ин риштаи варзиш шарафёб гардид. Дар бартарияти Дилшод Назаров ҳеҷ ҷои шакку шубҳае набуд. Се партоби […]

Сайфиддин ҚАРАЕВ, Asia-Plus

Дар шаҳри Бхубенешвараи Ҳиндустон мусобиқаи Чемпионати ХХII-уми Осиё оид ба варзиши сабук анҷом ёфт.

Тавре ки пешгӯӣ мешуд, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозӣ ғолиб омада, бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Осиё дар ин риштаи варзиш шарафёб гардид.

Дар бартарияти Дилшод Назаров ҳеҷ ҷои шакку шубҳае набуд. Се партоби ӯ беҳтарин натиҷаҳо дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2017 буданд. Партоби беҳтарини ӯ 76,69 см-ро ташкил дода, аз нишондиҳандаи зинаи дуюм – варзишгари Чин Ван Сидзу (73.81 см) қариб се метр зиёдтар аст. Медали биринҷии мусобиқа дар гурзандозиро намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Юн-Чул (73.77 см) ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки ин ғалабаи чоруми гурзандози тоҷик дар мусобиқаҳои Чемпиоанти Осиё мебошад. Қаблан ӯ медалҳои тиллои мусобиқаи Чемпионати Осиёро дар Гуанчжоу (Чин, соли 2009), Пуна (Ҳиндустон, соли 2013) ва Ухани (Чин, соли 2015) ба даст оварда буд. Ғайр аз ин, Дилшод Назаров ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё –  Доҳа (Қатар, соли 2006), Гуанчжоу (Чин, соли 2010) ва Инчхон (Кореяи Ҷанубӣ, соли 2014) низ мебошад.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар ин мусобиқаҳо дигар намояндагони Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил нагардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.