Вазорати маориф: Таътилҳо барқарор намешаванд. Мо – олимон хубтар медонем!

Зимни нишасти хабарии рӯзи душанбе вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки низоми маорифи маъмулии шӯравӣ замони гузашта буда, Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба он барнамегардад ва таътилҳои тирамоҳиву баҳории мактаббачагон низ дигар барқарор намешаванд. Аз соли хониши 2010-2011 толибилмони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум гардида, ба ивази […]

Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии рӯзи душанбе вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки низоми маорифи маъмулии шӯравӣ замони гузашта буда, Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба он барнамегардад ва таътилҳои тирамоҳиву баҳории мактаббачагон низ дигар барқарор намешаванд.

Аз соли хониши 2010-2011 толибилмони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум гардида, ба ивази он аз 1 то 31 январ як моҳ таътили зимистона ҷорӣ шуд.

Ин иқдоми худро Вазорати маориф ба беҳбуди шароити баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, аз қабили давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси омӯзгорон ва олимпиfдаҳо маънидод карда буд, то ки муаллимону омӯзгорон аз ҷараёни хониш барканор карда нашаванд.

Дар посух ба савол дар бораи дубора баргардонидани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барои хонандагон Нуриддин Саид гуфт: “Ин таътилҳо барои хонандагон дигарбора барқарор намешаванд”. Ба саволи “Чаро?” ӯ мухтасар чунин посух гуфт: “Мо – олимон хубтар сарфаҳм меравем!”.

Дар робита ба масъалаи аз меъёр зиёд будани шумори хонандагон дар мактабҳои пойтахт вазир қайд кард, ки ин масъала танҳо баъди анҷоми сохтмони мактабҳои нав ҳал мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.