Зойирини аввалини тоҷик 16 август ба ҳаҷ сафарбар мешаванд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик ҷиҳати адои маросими ҳаҷ рӯзи 16 август ба Ҷидда раҳсипор мешаванд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза таъкид дошт, ки тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат – “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон хизматгузорӣ мекунанд.

Парвозҳо ба шаҳри Ҷидда аз ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд сурат мегиранд. То охири моҳи август тамоми зойирини тоҷикистонӣ ба ҳаҷ раҳсипор хоҳанд шуд.

Арзиши ҳаҷ барои тоҷикистниён имсол 32 ҳазору 671 сомонӣ (тибқи қурби ҳозира – беш аз 3 ҳазору 630 доллар) муқаррар шудааст. Шумори квотаҳо ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бетағйир – 6,3 ҳазор нафар боқӣ мондааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...