Интиқоли ҳавопаймоҳои қиркунанда ва бомбандози Русия ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Ду гурӯҳи авиатсияи оперативӣ-тактикии Русия ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангии воҳидҳои ҳарду артиш ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия, дар ин чорабиниҳо воҳидҳои артиши Тоҷикистону Русия вазифаҳои таълимиву ҷангӣ дар вазъи ягонаи оперативиро мувофиқи нақшаи умумӣ мавриди омӯзишу ба иҷро мерасонанд.

Гуфта мешавад, чор ҳавопаймои қиркунандаи Су-25 СМ аз пойгоҳи авиатсионии Кант дар Қирғизистон ва ҳамин миқдор ҳавопаймоҳои бомбандози Су-24 М аз пойгоҳи авиатсионии Шагол дар Урали Ҷанубӣ мунтақил шудаанд.

Тибқи фарзияи машқҳо ҳавопаймоҳо ба мавқеъҳои ҷангии гурӯҳҳои шартии ҷинояткорон дар машқгоҳи Ҳарбмайдон дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон зарба зада, дар макони амалиёт нуқтаи ёрирасони идораи ситоди Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ташкил карда мешавад, ки ҳамроҳ бо гурӯҳи оперативии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амал мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки машқҳои мазкур дар маҷмӯъ як моҳ идома меёбанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...