Интиқоли ҳавопаймоҳои қиркунанда ва бомбандози Русия ба Тоҷикистон

Ду гурӯҳи авиатсияи оперативӣ-тактикии Русия ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангии воҳидҳои ҳарду артиш ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия, дар ин чорабиниҳо воҳидҳои артиши Тоҷикистону Русия вазифаҳои таълимиву ҷангӣ дар вазъи ягонаи оперативиро мувофиқи нақшаи умумӣ мавриди омӯзишу ба иҷро мерасонанд. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Ду гурӯҳи авиатсияи оперативӣ-тактикии Русия ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангии воҳидҳои ҳарду артиш ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия, дар ин чорабиниҳо воҳидҳои артиши Тоҷикистону Русия вазифаҳои таълимиву ҷангӣ дар вазъи ягонаи оперативиро мувофиқи нақшаи умумӣ мавриди омӯзишу ба иҷро мерасонанд.

Гуфта мешавад, чор ҳавопаймои қиркунандаи Су-25 СМ аз пойгоҳи авиатсионии Кант дар Қирғизистон ва ҳамин миқдор ҳавопаймоҳои бомбандози Су-24 М аз пойгоҳи авиатсионии Шагол дар Урали Ҷанубӣ мунтақил шудаанд.

Тибқи фарзияи машқҳо ҳавопаймоҳо ба мавқеъҳои ҷангии гурӯҳҳои шартии ҷинояткорон дар машқгоҳи Ҳарбмайдон дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон зарба зада, дар макони амалиёт нуқтаи ёрирасони идораи ситоди Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ташкил карда мешавад, ки ҳамроҳ бо гурӯҳи оперативии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амал мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки машқҳои мазкур дар маҷмӯъ як моҳ идома меёбанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров