Боздиди сарвазир аз макони офат дар Дарвоз

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи дуюми рӯзи 13 июл аз макони офати табиӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ боздид намуд, ки дар ин ҷо бар асари сели фаромада оби дарё аз соҳилҳо баромада, 22 манзил зери об монд. Бино ба иттилои як манбаъ дар ҳукумати вилоят, сарвазир нахуст бо вазъи манзилҳои осебдида дар деҳаи Хостав ва […]

Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи дуюми рӯзи 13 июл аз макони офати табиӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ боздид намуд, ки дар ин ҷо бар асари сели фаромада оби дарё аз соҳилҳо баромада, 22 манзил зери об монд.

Бино ба иттилои як манбаъ дар ҳукумати вилоят, сарвазир нахуст бо вазъи манзилҳои осебдида дар деҳаи Хостав ва ҳамчунин роҳи зериобмонда дар чуқурии то 7 метр дар мавзеи наздикии деҳаи Ширговат шинос шуд.

Айни замон роҳ тариқи деҳаи Хостав боз шуда, аммо қитъаи роҳи Кӯлоб – Дарвоз то ҳол баста боқӣ мондааст. Аз Душанбе ба Дарвоз ва минбаъд ба Хоруғ метавон тариқи роҳи Душанбе – Тавилдара бо ағбаи Хобуробот сафар кард.

Масъалаи ба макони амну бехавф кӯчонидани аҳолии аз офат осебдида мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, алҳол онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, сокинони осебдидаи деҳа бо маводи ғизойӣ ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин шуда, зиёни расида аз офат ҳисобу китоб мешавад ва баҳри рафъи пурраи оқибатҳои офат наҷотдиҳандагон ва техника дар маҳалли ҳодиса машғули коранд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 8 июл дар наздикии деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Афғонистон ярч сарозер шуда, маҷрои дарёи Вахшро баст ва дар натиҷа об аз соҳил берун баромада, қисмате аз манзилҳо ва роҳи мошингард зери об монданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.