Баррасии имкони муҳоҷирати тоҷикистониён ба кишварҳои арабӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон масъалаи имкони ба бозорҳои кории баъзе кишварҳои арабӣ фиристодани муҳоҷирон аз кишварро баррасӣ дорад.

Зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо ин мақсад имкони бозорҳои кори Кувейт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, дар ин самт бо ин кишварҳо лоиҳаҳои созишномаҳои дахлдор омода шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, талаботи бозори кори Кореяи Ҷанубӣ низ омӯхта шуда, лоиҳаи санади дахлдор дар бораи ҳамкорӣ бо ин кишвар таҳия гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кард, ки ба кишварҳои тараққикардаи Осиё ва Аврупо фиристодани муҳоҷирон аз он ҷиҳат мушкилӣ дорад, ки ба ин кишварҳо асосан кормандони соҳибихтисос зарур буда, ҳамчунин надонистани забон низ мушкилӣ пеш меорад.

Тағойзода зикр кард, ки тавассути як ширкати ватанӣ барои дар Олмон бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистон имкон вуҷуд дорад.

Дар идома вазир гуфт, дар муқоиса бо соли пешин нимсолаи аввали соли равон муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон 21 фоиз кам шудааст.

“Аз оғози сол беш аз 242,7 ҳазор нафар тоҷикистониён ба муҳоҷирати корӣ рафтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 66 ҳазор нафар камтар аст, – иброз дошт ӯ. – Ҳудуди 89 фоизи муҳоҷиронро мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд”.

Таъкид шуд, ки имсол 97,6 фоиз (237 ҳазор) аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва 2,3 фоизашон (беш аз 5,7 ҳазор) ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки шумори умумии ба ватан баргаштагон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 160 ҳазор нафарро ташкил додааст.

“Бо мусоидати намояндагии Вазорат оид ба муҳоҷират дар Русия дар ин давра ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 21 млн. 826 ҳазор рубл музди меҳнати нагирифтаашон аз ҷониби корфармоҳо пардохт карда шуд”, – афзуд Тағойзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...