Адои ҷазои 80 нафари ба ҳабси абад маҳкумшуда дар зиндонҳои Тоҷикистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Айни замон дар муассисаҳои махсуси ислоҳии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешаванд.

Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки 80 нафари онҳо маҳбусоне мебошанд, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, миёни маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла собиқ фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, муовинони раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2004 дар Тоҷикистон ба адои ҷазои ҳукми қатл моратория эълон шуда, онро ба ҳукми ҳабси якумрӣ иваз карданд.

Таъкид шуд, ки миёни маҳкумшудагон 1548 нафар барои ақида ва даъватҳои ифротгароӣ ва 239 нафар барои узвият дар аҳзобу ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшуда адои ҷазо мекунанд. «Дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ 39 нафар ноболиғон нигаҳдорӣ мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар муассисаҳои махсуси ислоҳии кишвар 27 нафар аз олам даргузаштаанд, ки марги ҳамаи онҳо табиӣ сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳӣ фаъолият дорад, ки 5-тои он боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО), 8-тоаш муассисаи ислоҳии низоми гуногун, 1-тоаш муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон, 1-тоаш зиндон ва 3-тоаш муассисаи ислоҳии сукунат мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.