Cултонзода: ҳабси муборизон бо коррупсия ба «низоъҳои байниидоравӣ» рабт надорад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳабси 10 нафар собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро набояд ба овозаҳову муқовиматҳои ҷойдошта миёни сохторҳои давлатӣ ё ба истилоҳ «низоъҳои байниидоравӣ» марбут донист.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарӣ мегӯяд, шахси содиркардаи ҷиноят сарфи назар аз унвонаш, бояд назди қонун ҷавоб гӯяд ва суд сатҳи айбдории собиқ муборизон бо коруупсияро муайян мекунад.

«Сарфи назар аз сарусадову ҳангомаҳои марбут ба ҳабси мансабдорони воломақом, мардум ба Агентӣ эътимод дорад ва ҳамарӯза садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри машварат ва ҳимоя ба мо муроҷиат мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки «ҳабси собиқ кормандони ин ниҳод ба ҳеҷ гунае ба фаъолияти ҳамарӯзаи Агентӣ таъсир манфӣ нагузоштааст».

Ёдрас мекунем, ки қаблан аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...