Ошкор шудани зиён дар сохтмони иншооти замони раҳбарии собиқ раиси пойтахт

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастури Сарвари давлат оид ба санҷиши истифодаи воситаҳои буҷетии ҷудошуда барои сохтмони иншоот дар Душанберо дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонид. Муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Карим Зарифзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки доир ба масъалаи харҷи воситаҳои буҷетӣ 69 иншооти сохташаванда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастури Сарвари давлат оид ба санҷиши истифодаи воситаҳои буҷетии ҷудошуда барои сохтмони иншоот дар Душанберо дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонид.

Муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Карим Зарифзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки доир ба масъалаи харҷи воситаҳои буҷетӣ 69 иншооти сохташаванда ва аллакай сохтмонашон анҷомёфта мавриди санҷиш қарор гирифтаанд.

“Санҷиш дар иншооти зикргардида ба маблағи 7,8 млн. сомонӣ изофанависиро ошкор намуда, аз рӯи ин далелҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷишро идома дода истодаанд”, – иброз дошт муовини роҳбари Агентӣ.

Ёдрас мекунем, ки 15 феврали соли равон зимни мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи апрели соли равон Суди шаҳри Душанбе собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваровро барои порадиҳӣ ва камомад дар харҷи воситаҳои буҷетӣ дар сохтмони маркази тиббии “Истиқлол” ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум кард.

Ҳамчунин вобаста ба ин қазия Фазлиддин Маҳмудов, роҳбари ширкати “Тоҷикколхозсохтмон” ба 18 соли зиндон ва муовини ӯ Фирӯз Раҳмонов ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, дигар иштирокчиёни парвандаро Суди шаҳри Душанбе ба пардохти ҷаримаҳои ҳаҷмашон ниҳоят зиёд уҳдадор кард.

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ  аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.