Кумитаи занон мубориза бо сарулибоси “беодобона”-ро оғоз кард

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мубориза натанҳо бар зидди ҳиҷоб, балки бо сарулибоси аврупоии “беодобона”-ро низ роҳандозӣ мекунад, ки ба фарҳанги миллии мо бегона аст. Муовини раиси Кумита Марҳабо Олимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки гурӯҳҳои кории Кумита миёни занон пӯшидани сарулибоси миллии тоҷикиро тарғиб намуда, ба […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мубориза натанҳо бар зидди ҳиҷоб, балки бо сарулибоси аврупоии “беодобона”-ро низ роҳандозӣ мекунад, ки ба фарҳанги миллии мо бегона аст.

Муовини раиси Кумита Марҳабо Олимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки гурӯҳҳои кории Кумита миёни занон пӯшидани сарулибоси миллии тоҷикиро тарғиб намуда, ба онҳо мефаҳмонанд, ки ҳиҷобу сатру сарбанд барои тоҷикон бегона буда, ҳамчунин ба духтароне, ки сарулибоси беодобона мепӯшанду қариб нимурён гаштугузор доранд, таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

“Эмомалӣ Раҳмон аз реша давонидани тундгароӣ дар ҷомеа, таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба сарулибосу фарҳанги бегона шадидан нигаронӣ изҳор намуда, дастур дод, ки бо сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон бегона мубориза бурда шавад ва мо ин вазифаро иҷро мекунем”, – иброз дошт Олимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи кор бо занон дар ҳамдастӣ бо сохторҳои дигар ояндаи наздик баҳри пешгирии гаравидани ҷавонон ба анъанаҳои бегона намунаҳои тавсиямешудаи сарулибосеро, ки ба фарҳангу оини тоҷикон хос аст, таҳия хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.