Ҳабси духтари собиқ президенти Ӯзбекистон

Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки Гулнора Каримова – духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов боздошт шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Интерфакс", зидди Каримова бо бандҳои "қаллобӣ", "пинҳон кардани асъори хориҷӣ", "нақзи қонунҳои гумрукӣ" ва "қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ" парванда боз шудааст. Моҳи августи соли 2015 додгоҳи вилояти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Asia-Plus

Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки Гулнора Каримова – духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов боздошт шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Интерфакс", зидди Каримова бо бандҳои "қаллобӣ", "пинҳон кардани асъори хориҷӣ", "нақзи қонунҳои гумрукӣ" ва "қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ" парванда боз шудааст.

Моҳи августи соли 2015 додгоҳи вилояти Тошканд духтари калонии Каримовро дар саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳви асноди ширкатҳои офшорӣ айбдор ва 5 сол озодиашро маҳдуд кард.

Каримова пештар дар Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон кор мекард ва бо соҳибкорӣ низ машғул буд. Ӯ яке аз бонуфузтарин занҳои Осиёи Марказӣ шумурда мешуд.

Дар як қатор кишварҳои дунё зидди ӯ бо гумони фасодкорӣ санҷишҳо оғоз шуда, соли 2012 мақомоти Ӯзбекистон чанд телевизион ва радиои марбут ба ширкати ӯро бастанд.

Гуфта мешавад, арзиши умумии зиёни расонида аз ҷониби ӯ ва ҳаммаслаконаш мутобиқи ду моддаи айбдорӣ 1,270 трлн. сӯм (арзи миллӣ), $1,651 млрд и €21,6 млн. арзёбӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки дороиҳои ин гурӯҳи ҷиноятпешаро ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар 12 кишвари дунё, аз ҷумла Русия низ ошкор карда, маблағи умумии он ба $1,394 млрд., €63,5 млрд, £27 млн. ва 18,5 млн. франки швейтсарӣ мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.