Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ 8 ҳазор доллар пора гирифтааст

Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Мирмахсумиён, ки санаи 17 июл бо фармони Президенти кишвар «барои ба қонуншиканӣ роҳ додан зимни баррасии парвандаҳо» аз мансабаш сабукдӯш гардида буд, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудааст. Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ин робита зикр […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Мирмахсумиён, ки санаи 17 июл бо фармони Президенти кишвар «барои ба қонуншиканӣ роҳ додан зимни баррасии парвандаҳо» аз мансабаш сабукдӯш гардида буд, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудааст.

Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ин робита зикр гардид, ки И.Мирмахсумиён ба гумони даст доштан дар порагирӣ муттаҳам дониста шуда, айни замон таҳти ҳабс қарор дорад.

«Судя ба гирифтани пора дар ҳаҷми 8 ҳазор доллар гумонбар дониста шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 319 (Порагирӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд», – иброз дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 17 июл, санаи ба имзо расидани фармони президент дар бораи аз вазифа озод кардани И.Мирмахсумиён, ӯ дар озодӣ қарор дошта, аввали ҳафтаи равон ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.