Кумитаи занон мубориза бо сарулибоси “беодобона”-ро оғоз кард

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мубориза натанҳо бар зидди ҳиҷоб, балки бо сарулибоси аврупоии “беодобона”-ро низ роҳандозӣ мекунад, ки ба фарҳанги миллии мо бегона аст.

Муовини раиси Кумита Марҳабо Олимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки гурӯҳҳои кории Кумита миёни занон пӯшидани сарулибоси миллии тоҷикиро тарғиб намуда, ба онҳо мефаҳмонанд, ки ҳиҷобу сатру сарбанд барои тоҷикон бегона буда, ҳамчунин ба духтароне, ки сарулибоси беодобона мепӯшанду қариб нимурён гаштугузор доранд, таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

“Эмомалӣ Раҳмон аз реша давонидани тундгароӣ дар ҷомеа, таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба сарулибосу фарҳанги бегона шадидан нигаронӣ изҳор намуда, дастур дод, ки бо сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон бегона мубориза бурда шавад ва мо ин вазифаро иҷро мекунем”, – иброз дошт Олимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи кор бо занон дар ҳамдастӣ бо сохторҳои дигар ояндаи наздик баҳри пешгирии гаравидани ҷавонон ба анъанаҳои бегона намунаҳои тавсиямешудаи сарулибосеро, ки ба фарҳангу оини тоҷикон хос аст, таҳия хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...