Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ 8 ҳазор доллар пора гирифтааст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Мирмахсумиён, ки санаи 17 июл бо фармони Президенти кишвар «барои ба қонуншиканӣ роҳ додан зимни баррасии парвандаҳо» аз мансабаш сабукдӯш гардида буд, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудааст.

Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ин робита зикр гардид, ки И.Мирмахсумиён ба гумони даст доштан дар порагирӣ муттаҳам дониста шуда, айни замон таҳти ҳабс қарор дорад.

«Судя ба гирифтани пора дар ҳаҷми 8 ҳазор доллар гумонбар дониста шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 319 (Порагирӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд», – иброз дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 17 июл, санаи ба имзо расидани фармони президент дар бораи аз вазифа озод кардани И.Мирмахсумиён, ӯ дар озодӣ қарор дошта, аввали ҳафтаи равон ба ҳабс гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...