Дархости баргардонидани шиносномаҳои муҳоҷирони тоҷик аз миллиардери русиягӣ

Яке аз фаъолони ҷомеа Иззат Амон дар саҳифаи худ дар Фейсбук муроҷиат ба молики "Crocus Group" Араз Агаларовро нашр карда, дар он баргардонидани шиносномаҳои муҳоҷирони тоҷикро дархост намудааст. Дар ин муроҷиатнома ӯ қайд кардааст, ки давоми солҳои 2015-2016 муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо қарзи 5 млн. рубл аз бонкҳои Русия дар супермаркетҳои “Твой дом”-и мутааллиқ ба […]

Asia-Plus

Яке аз фаъолони ҷомеа Иззат Амон дар саҳифаи худ дар Фейсбук муроҷиат ба молики "Crocus Group" Араз Агаларовро нашр карда, дар он баргардонидани шиносномаҳои муҳоҷирони тоҷикро дархост намудааст.

Дар ин муроҷиатнома ӯ қайд кардааст, ки давоми солҳои 2015-2016 муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо қарзи 5 млн. рубл аз бонкҳои Русия дар супермаркетҳои “Твой дом”-и мутааллиқ ба Агаларов шабакаи нонвойхонаҳоро сохта, ҳамагӣ баъди ним соли кор муовини Араз Агаларов аз онҳо хоҳиш кардааст, ки “хушӣ ба хушӣ” аз кор раванд.

Иззат Амон менависад, писари миллиардер Эмин Агаларов аз ин қазия ба хубӣ хабардор буда, шахсе бо номи Юсуф, сардори хадамоти амният ин муҳоҷиронро лату кӯб ва паси панҷара шинонидааст.

“Чандин маротиба ба дафтари кории шумо ҷиҳати вохӯрии шахсӣ омадам, вале маро роҳ надоданд. Ман баргардонидани пулҳои ғоратшударо дархост надорам ва баъди ин ҳодисаҳо ман акнун чунин мефаҳмам, ки дороиҳои худро шумо маҳз бо ҳамин васила ба даст овардаед”, – навиштааст Иззат Амон.

Дар идома қайд шудааст, ки шиносномаҳои ин муҳоҷирон дар дасти сардори хадамоти амният Юсуф аст ва ӯ омода аст, ки барои баргардонидани онҳо маблағ пардохт намояд.

“Хоҳиши зиёд дорам, ки шиносномаҳои муҳоҷирони бадбахтро баргардонед. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки баъди баргардонидани шиносномаҳо, онҳо аз Русия ғайб мезананд. Тамоми чизе, ки онҳо бунёд карданд, барои шумо ва муовинатон Дадашев боқӣ мемонад”, – изҳор доштааст Иззат Амон ва бо пешниҳоди робита бо ӯ рақами телефонашро пешниҳод кардаааст.

Иззат Амон қаблан роҳбари Иттифоқи ҷавонони тоҷик дар Русия буд. Айни замон дар ҳолатҳои ҷудогона муҳоҷирон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳояшон ба ӯ муроҷиат мекунанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита қайд кардаанд, ки ин далел мавриди санҷиш қарор дошта, ояндаи наздик онро шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.