Барои сайёҳон дар Тоҷикистон чӣ миқдор хоҷатхона зарур аст?

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи чанде қабл дар Тоҷикистон таъсисёфтаи рушди сайёҳӣ чӣ миқдор зарур будани ҳоҷатхона ва меҳмонхона (мотел)-ҳо барои сайёҳонро ҳисобу китоб дорад. Ин ҷо сари дар ҷумҳурӣ мавҷуд набудани шароитҳои оддӣ барои ҷалби сайёҳон сухан меравад, ки муддати ду сол боз идома дорад, вале то ҳол ягон ҳоҷатхона ва меҳмонхона сохта нашудааст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар мавриди ҳисобу китоби ҳоҷатхона ва меҳмонхонаҳо дар ҳар кадоме аз шаҳру навоҳии кишвар мониторинг гузаронида, тибқи маълумоти ин ниҳод, айни замон дар Тоҷикистон барои сайёҳон 100 хостел (макони иқомат) вуҷуд дорад.

Аз ҳоҷатхонаҳои ҳанӯз соли 2015 ваъдашуда то ҳол ягонто сохта нашудааст. Мутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумита Фаррух Иззатуллоев мегӯяд, феълан онҳо миқдори иншооти зарурӣ барои сайёҳонро ҳисобу китоб карда, бо анҷоми ин кор, пешниҳодҳо ба ҳукумат равона мегарданд ва масъалаи аз кадом маблағу воситаҳо сохтани чунин иншоотро ҳукумат ҳаллу фасл мекунад.

Ба гуфтаи Иззатуллоев, ба ҳисобу китоби иншооти оддии зарурӣ гурӯҳи корие машғул аст, ки ба ҳайати он ба ҷуз кормандони Кумита, ҳамчунин мутахассисони Кумитаи заминсозӣ ва сохтмону меъморӣ низ шомиланд.

Зимнан зикр гардид, ки барои то андозае даст ёфтан ба ҳаллу фасли масъалаи камбуди меҳмонхонаҳо намояндагони Кумита бо сокинони минтақаҳои бештар барои сайёҳон писандида вохӯриҳо мегузаронанд.

“Мо ба сокинони маҳаллӣ тавсия медиҳем, ки дар манзилҳои худ барои сайёҳон ҳадди ақал як хона ҷудо карда, дар он тозагиву тартибро таъмин намоянд, то ки сайёҳон дар он бемамониат зиндагӣ карда бо табиату фарҳанги мо аз наздик шинос шаванд, – иброз дошт ӯ. – Мо асосан бо сокинони водии Зарафшон ва Кӯҳистони Бадахшон, ки ин самтҳо барои сайёҳон бештар писандида аст, чунин суҳбатҳо мегузаронем”.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии аввали соли равон Раиси Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода изҳор намуда буд, ки дар роҳҳои асосии Тоҷикистон сари ҳар 50 километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр барои сайёҳон меҳмонхонаҳову ҷойҳои истироҳат сохта мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...