Хадамоти алоқа ба ширкатҳои байнулмилалии почта иҷозатнома медиҳад

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар кишвар ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад ва гап сари он аст, ки худи намояндагиҳои ин хадамот шитоб надоранд. Муовини сардори Раёсати назорати алоқаи Хадамоти алоқа Ҷонибек Дадоматов зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар кишвар ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад ва гап сари он аст, ки худи намояндагиҳои ин хадамот шитоб надоранд.

Муовини сардори Раёсати назорати алоқаи Хадамоти алоқа Ҷонибек Дадоматов зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар Тоҷикистон бинобар сабаби қабули қонун «Дар бораи алоқаи почтавӣ» дар таҳрири нав ва маҳз моддаҳои қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳии навъҳои ҷудогонаи фаъолият», ки мувофиқи он хизматгузориҳои почтавӣ бояд иҷозатнома дошта бошанд, боздошта шуд.

Ӯ зикр кард, ки баъди қабули қонуни мазкур танҳо ду ширкати байнулмилалии хизматрасонии почтавӣ – DHL и UPS ҷиҳати гирифтани иҷозатнома ба Хадамоти алоқа муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи Дадоматов, зимни муроҷиат ин ширкатҳо ба Хадамот номгӯи нопурраи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуда, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия намуда, такроран ба Хадамот муроҷиат кунанд.

Таъкид шуд, ки танҳо ширкати DHL такроран ба Хадамот муроҷиат намуда, айни замон дархости ширкат ҷиҳати гирифтани иҷозатнома мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Барои фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар қаламрави Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надошта, агар онҳо дар доираи қонунгузорӣ бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мо муроҷиат кунанд, мувофиқи тартиби аз рӯи қонун муқарраршуда ба онҳо иҷозатномаи фаъолият дода мешавад», – иброз дошт намояндаи Хадамоти алоқа.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дафтарҳои кории чор ширкати бузурги байнулмилалии хизматгузории почтавӣ – DHL, UPS, TNT, Pony Express муҳр зада, ин амалашро чунин маънидод кард, ки ин ширкатҳо барои фаъолият иҷозатнома нагирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.