Таркиш дар масҷиди шиаҳо дар Ҳирот 50 кушта бар ҷой гузошт

Дар масҷиди шиаҳои воқеъ дар шаҳри Ҳироти Афғонистон рӯзи 1 август таркиш рух дода, дар натиҷаи он дастикам 50 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора «Ал-Ҷазира» бо такя ба маълумоти ҳукуматдорони минтақавӣ хабар медиҳад. Қаблан намояндаи бемористони маҳаллӣ иттилоъ додааст, ки бар асари ин ҳодиса 29 нафар ҳалок ва 63 нафар осеб дидаанд. Хабаргузории «Медуза» […]

Asia-Plus

Дар масҷиди шиаҳои воқеъ дар шаҳри Ҳироти Афғонистон рӯзи 1 август таркиш рух дода, дар натиҷаи он дастикам 50 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора «Ал-Ҷазира» бо такя ба маълумоти ҳукуматдорони минтақавӣ хабар медиҳад.

Қаблан намояндаи бемористони маҳаллӣ иттилоъ додааст, ки бар асари ин ҳодиса 29 нафар ҳалок ва 63 нафар осеб дидаанд.

Хабаргузории «Медуза» дар робита ба ин ҳодиса менависад, таркишро як маргталаб анҷом дода, тибқи баъзе маълумот, дар ин ҳамла як ҷангии дигар низ бо яроқи оташфишон ҳузур доштааст.

Ҳодисаи мазкур ҳангоми адои намози шом ба вуқӯъ пайваста, тибқи маълумоти «Ал-Ҷазира» ин замон ҳудуди 300 тан дар масҷид ҳузур доштаанд.

Гуфта мешавад, масъулияти ин амалро алҳол касе ба дӯш нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҷангиёни созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» ва ҳаракати «Толибон» мунтазам дар Афғонистон ба амалҳои террористӣ даст мезананд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.