Ифтитоҳи мактаби олӣ барои довталабони нокоми Ӯзбекистон

Аз соли нави хониш дар Ӯзбекистон Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ ба фаъолият оғоз мекунад, ки ба он довталабони доимо муқими вилояти Тошканд ва нокомшуда (нагузашта) аз имтиҳоноти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ва дигар макотиби олии самтҳои дахлдор ва ба ин монанд қабул карда мешаванд. Дар ин бора қарори президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев содир шудааст. […]

Asia-Plus

Аз соли нави хониш дар Ӯзбекистон Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ ба фаъолият оғоз мекунад, ки ба он довталабони доимо муқими вилояти Тошканд ва нокомшуда (нагузашта) аз имтиҳоноти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ва дигар макотиби олии самтҳои дахлдор ва ба ин монанд қабул карда мешаванд. Дар ин бора қарори президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев содир шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Фергана», дар донишкадаи мазкур муаллимони синфҳои ибтидоӣ, омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва ғайримактабӣ тайёр карда мешаванд. Хатмкунандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва деҳоти вилояти Тошканд бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.

Гуфта мешавад, шумори квотаи қабул ба Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ дар соли хониши 2017/2018 – 750 нафарро ташкил дода, таҳсил пулакӣ аст. Собиқ ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Ғафурҷон Муҳаммедов роҳбари ин Донишкада таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.