Исмоилзода: «Барқи тоҷик» ба боло бурдани тарифҳо ниёз дорад

Ҳукумати Тоҷикистон айни замон пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик»-ро доир ба бори навбатӣ боло бурдани тарифҳои иистифодаи нерӯи барқ мавриди омӯзиш қарор додааст. «Барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти энергетикӣ ва ҳамчунин таъмини хизматрасонии зарурӣ ба истеъмолгарони нерӯи барқ, ширкати «Барқи тоҷик» ба боло бурдани нархҳои истифодаи нерӯи барқ ниёз дорад», – изҳор намуд зимни […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон айни замон пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик»-ро доир ба бори навбатӣ боло бурдани тарифҳои иистифодаи нерӯи барқ мавриди омӯзиш қарор додааст.

«Барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти энергетикӣ ва ҳамчунин таъмини хизматрасонии зарурӣ ба истеъмолгарони нерӯи барқ, ширкати «Барқи тоҷик» ба боло бурдани нархҳои истифодаи нерӯи барқ ниёз дорад», – изҳор намуд зимни нишасти хабарӣ роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Қобили зикр аст, ки қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки бо мақсади истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ арзиши нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ боло бурда шавад.

Тайи 7 соли охир тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 5 маротиба – аз 6 дирам барои аҳолӣ дар соли 2009 айни замон то 14,65 дирам зиёд шуданд.

Раиси ширкат қайд кард, ки сиёсати нархгузорӣ аз ҷониби Хадамоти зиддинҳисорӣ муқаррар шуда, дигар вазорату идораҳои дахлдор низ онро баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва дар сурати қабули қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус, ширкат ба иҷрои он оғоз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ доир ба рақамҳои мушаххаси тарифҳои нави ба ҳукумат пешниҳодшуда маълумот надода, лекин итминон дод, ки ҳангоми ҷорӣ кардани нархҳои нави истифодаи барқ шароити иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодии кишвар ҳатман ба инобат гирифта хоҳанд шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.