Корманди «Уральские авиалинии» навраси тоҷикро аз марг наҷот дод

Asia-Plus

Корманди ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» Михаил Коломоетс навраси 14-солаи Тоҷикистонро аз марг наҷот дод.

Бино ба маълумоти сомонаи телевизиони Екатеринбург, ин ҳодиса рӯзи 1 август пеш аз парвози ҳавопаймо аз Екатеринбург ба Хуҷанд рух дода, аз хурӯҷи дарди зиққи нафас (астма) дили наврас аз тапиш бозмондааст.

Михаил, аъзои ҳайати ҳамроҳи сарнишинони ҳавопаймо (бортпроводник), дар мусоҳиба ба шабакаи телевизион изҳор доштааст, ки вақте ки мусофирон аллакай дар дохили ҳавопаймои раҳсипор ба Хуҷанд қарор доштаанд, дили наврас аз задан бозмемонад.

«Ман ҳамаро аз атрофи ӯ дур карда, ба масҳи ғайримустақими дил ва нафасдиҳии сунъӣ шурӯъ кардам, ки дар натиҷа наврас ба ҳуш омад, – гуфтааст Михаил. – Сипас кормандони пулис ва бунгоҳи тиббӣ омада, наврасро ба шуъбаи эҳёгарӣ бурданд».

Гуфта мешавад, баъди бозггашт аз Хуҷанд ба Екатеринбруг Михаил огоҳ шудааст, ки ин ҳодиса сари забони тамоми сокинони вилояти Свердловск аст.

Давоми 4 соли кор дар «Уральские авиалинии» ин нахустин чунин ҳодисаи аз ҷониби Михаил расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аст ва ӯ дар ин ҳолат худро гум накард, зеро дар курсҳои эҳёгарӣ таҳсил карда, ҳамчунин маълумоти махсуси тиббӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...