Корманди «Уральские авиалинии» навраси тоҷикро аз марг наҷот дод

Корманди ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» Михаил Коломоетс навраси 14-солаи Тоҷикистонро аз марг наҷот дод. Бино ба маълумоти сомонаи телевизиони Екатеринбург, ин ҳодиса рӯзи 1 август пеш аз парвози ҳавопаймо аз Екатеринбург ба Хуҷанд рух дода, аз хурӯҷи дарди зиққи нафас (астма) дили наврас аз тапиш бозмондааст. Михаил, аъзои ҳайати ҳамроҳи сарнишинони ҳавопаймо (бортпроводник), дар мусоҳиба […]

Asia-Plus

Корманди ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» Михаил Коломоетс навраси 14-солаи Тоҷикистонро аз марг наҷот дод.

Бино ба маълумоти сомонаи телевизиони Екатеринбург, ин ҳодиса рӯзи 1 август пеш аз парвози ҳавопаймо аз Екатеринбург ба Хуҷанд рух дода, аз хурӯҷи дарди зиққи нафас (астма) дили наврас аз тапиш бозмондааст.

Михаил, аъзои ҳайати ҳамроҳи сарнишинони ҳавопаймо (бортпроводник), дар мусоҳиба ба шабакаи телевизион изҳор доштааст, ки вақте ки мусофирон аллакай дар дохили ҳавопаймои раҳсипор ба Хуҷанд қарор доштаанд, дили наврас аз задан бозмемонад.

«Ман ҳамаро аз атрофи ӯ дур карда, ба масҳи ғайримустақими дил ва нафасдиҳии сунъӣ шурӯъ кардам, ки дар натиҷа наврас ба ҳуш омад, – гуфтааст Михаил. – Сипас кормандони пулис ва бунгоҳи тиббӣ омада, наврасро ба шуъбаи эҳёгарӣ бурданд».

Гуфта мешавад, баъди бозггашт аз Хуҷанд ба Екатеринбруг Михаил огоҳ шудааст, ки ин ҳодиса сари забони тамоми сокинони вилояти Свердловск аст.

Давоми 4 соли кор дар «Уральские авиалинии» ин нахустин чунин ҳодисаи аз ҷониби Михаил расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аст ва ӯ дар ин ҳолат худро гум накард, зеро дар курсҳои эҳёгарӣ таҳсил карда, ҳамчунин маълумоти махсуси тиббӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.