Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 14 ҳазор доллар пора ва «Тойота» бедарак аст

Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Ӯ ба гирифтани пора гумонбар дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупусяи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия Карим Иброҳимзода дар ин робита ба журналистон хабар дод, ки собиқ раиси ноҳия Маннонзода моҳи марти […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Ӯ ба гирифтани пора гумонбар дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупусяи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия Карим Иброҳимзода дар ин робита ба журналистон хабар дод, ки собиқ раиси ноҳия Маннонзода моҳи марти соли 2014 дар ҳаҷми 14 ҳазор доллар пули нақд ва автомашинаи тамғаи «Тойота Камри»-и арзишаш 26 ҳазор доллар пора гирифтааст.

«Ба ивази ин ӯ дар мавриди масъалаи ҷудо кардани 2,45 га қитъаи замин ба хоҷагии ҶДММ «»Аҳмадов.А» қарори мусбат содир карда,  У.Б., раиси ҳамонвақтаи Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Р.Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин муомилот ба сифати миёнарав иштирок кардааст, – гуфт номбурда. –  Ӯ аз шаҳрванд Ш.М. барои таъсиси хоҷагии ёрирасон барои ҶДММ «Аҳмадов. А» 100 ҳазор доллар маблағ гирифта, қисмате аз пулҳо ва автомашинаро ба раиси ноҳия додааст».

Ба гуфтаи ӯ, 1 марти соли 2017 нисбати У.Б., раиси Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Р.Набиев мутобиқи моддаи 247 (Қаллобӣ) ва нисбати Абдусамад Маннонзода, собиқ раиси бедаракшудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутобиқи моддаи 319, қ. 4, банди «Г»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Иброҳимзода ҳамчунин зикр кард, ки собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, истеҳсолот нисбати парвандаи ӯ алҳол боздошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.