Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00; – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 маълумот медиҳад. Оғоз соати 11:00; – Дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти хабарии Муассисаи […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 маълумот медиҳад. Оғоз соати 11:00;

– Дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти хабарии Муассисаи давлатии «рушди соҳибкори дар бахши кишоварзӣ» доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 доир мегардад. Оғоз соати 11:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8074 сомонӣ;

1 евро – 10.4174 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1431 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1999 – Мақомоти раҳбарии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик расман пароканда кардани гурӯҳҳои мусаллаҳро эълон кард.

2010 — Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зафар Нозим дар синнни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

2011 — Даргузашти бемаҳали муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов.

2011 — Президент дар Хуҷанд ба фаъолияти Кохи матбуот ҳусни оғоз бахшида, дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ иштирок кард.

1909-1978 – Зодрӯзи наворбардори кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Иброҳим Барамиқов.

1938 – Мавлуди асппарвар, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Аҳроров Ато.

1945 – Зодрӯзи шоир Алимуҳаммад Муродӣ.

1956 – Мавлуди журналист Имоманазари Ҳақназар.

1960 – Зодрӯзи журналист Нӯъмон Низомӣ.

1962 – Мавлуди шоир Қосимҷон Зарифӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +7+12, рӯзона +18+23.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.