Роҳбари Маркази қонунгузорӣ барои наберааш худаш ном ёфт

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки волидон ба интихоби ном барои тифлашон аз “Феҳристи номҳои миллӣ” уҳдадор нестанд.

Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Маҳмад Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки ин ташаббус танҳо тавсия аст.

“Волидон мустақилона ба интихоби ном барои тифлашон ҳуқуқ доранд, – иброз дошт ӯ. – Масалан, ман набераамро Ашкиноз ном гузоштам, ки ин ном дар феҳрист ҷой надорад, вале ман бо мактуб ба комиссияи махсус муроҷиат карда, онҳо номи интихобкардаи маро маъқул шумориданд”.

Номбурда ба волидоне, ки ба тифлонашон номҳои гӯшнавозу ғайриоддӣ гузоштанианду он дар феҳрист зикр нашудааст, тавсия дод, ки бо пешниҳоди худ ба комиссия муроҷиат кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...