Роҳбари Маркази қонунгузорӣ барои наберааш худаш ном ёфт

Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки волидон ба интихоби ном барои тифлашон аз “Феҳристи номҳои миллӣ” уҳдадор нестанд. Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Маҳмад Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки ин ташаббус танҳо тавсия аст. “Волидон мустақилона ба интихоби ном барои тифлашон ҳуқуқ доранд, – иброз дошт […]

Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки волидон ба интихоби ном барои тифлашон аз “Феҳристи номҳои миллӣ” уҳдадор нестанд.

Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Маҳмад Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки ин ташаббус танҳо тавсия аст.

“Волидон мустақилона ба интихоби ном барои тифлашон ҳуқуқ доранд, – иброз дошт ӯ. – Масалан, ман набераамро Ашкиноз ном гузоштам, ки ин ном дар феҳрист ҷой надорад, вале ман бо мактуб ба комиссияи махсус муроҷиат карда, онҳо номи интихобкардаи маро маъқул шумориданд”.

Номбурда ба волидоне, ки ба тифлонашон номҳои гӯшнавозу ғайриоддӣ гузоштанианду он дар феҳрист зикр нашудааст, тавсия дод, ки бо пешниҳоди худ ба комиссия муроҷиат кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.