«Новая газета» нисбати Алӣ Фирӯз аз Путин кумак хост

Идораи «Новая газета» бо ирсоли мактуб аз президенти Русия Владимир Путин дархост кард, ки дар масъалаи бо қарори суд аз Русия хориҷ кардани журналист Алӣ Фирӯз (Худобердӣ Нурматов) кумак кунад. Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, ба ақидаи рӯзноманигорон дар сурати ба Ӯзбекистон хориҷ кардани Алӣ Фирӯз, ба ҳаёти ӯ дар он ҷо хатар таҳдид […]

Asia-Plus, Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Идораи «Новая газета» бо ирсоли мактуб аз президенти Русия Владимир Путин дархост кард, ки дар масъалаи бо қарори суд аз Русия хориҷ кардани журналист Алӣ Фирӯз (Худобердӣ Нурматов) кумак кунад.

Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, ба ақидаи рӯзноманигорон дар сурати ба Ӯзбекистон хориҷ кардани Алӣ Фирӯз, ба ҳаёти ӯ дар он ҷо хатар таҳдид мекунад. Ҳамчунин модари журналист, сокини кишвари Олтой Зоя Нурматова низ бо дархости кумак ба президенти Русия муроҷиат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, хабарнигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз, ки додгоҳ ба ихроҷи вай аз Русия қарор кард, талош кард худкушӣ кунад. Дар ин бора нашрияи "Новая газета" бо такя ба вакили дифои рӯзноманигор Даниил Хаймович хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вакил, Фирӯз замоне, ки нусхаи ҳукми додгоҳро дар долон интизор буд, талоши худкушӣ кард. Ӯро кормандони додгоҳ наҷот дода, ба боздоштгоҳи махсус бурданд. Рӯзноманигор гуфт, "марг беҳтар аз баргаштан ба Ӯзбекистон аст".

Ахиран додгоҳи ноҳияи Басмани шаҳри Москва қарори ихроҷи рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз (Худобердӣ Норматов)-ро аз Русия содир кард. Ба иттилои хабарнигори махсуси нашрия Екатерина Фомина, Фирӯзро ҳамчунин 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима кардаанд.

Рӯзноманигори "Новая газета" Елена Костюченко гуфт, Фирӯзро пулис дар наздикии мактаби мусиқие боздошт кард, дар он таҳсил мекард. Дертар ба Алӣ аз мактаб навиштанд, ки шахсе бо либоси мулкӣ назди онҳо омада, пурсидааст, ки омӯзишгоҳ дар кадом бино ҷойгир аст. Ба гуфтаи Костюченко, зоҳиран Фирӯзро дар онҷо мунтазир буданд.

Алӣ Фирӯз, ки шаҳрванди Ӯзбекистон аст, 7 сол пеш маҷбур шуд, дар пайи фишори мақомоти махсуси ин кишвар ба хориҷ фирор кунад. Ба гуфтаи рӯзноманигор, мақомоти махсуси ӯзбек ӯро ду рӯз шиканҷа карда, таҳдид карданд, ки агар ҳамкорӣ накунад, ҳамсари ҳомиладорашро хоҳанд кушт. Моҳи июн ба рӯзноманигор хабар дода шуд, ки мақомоти рус ба дархости паноҳандагияш ҷавоби рад доданд ва Хадамоти муҳоҷирати Русия низ ба консули "кишвари аврупоӣ" иҷозат надод, ки ӯро бо худ барад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.