Ифтитоҳи терминали нави мусофирбар дар шарқи пойтахт

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Аз терминали нави мусофирбар нақлиёти ҷамъиятӣ ба Душанбе ва ҳамчунин минтақаи Рашт ба сафар мебарояд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, сохтмони терминали мусофирбарии «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Озод интернейшнл» дар зарфи ду сол  ба истифода дода шуд ва дар корҳои бунёдӣ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Ширкати мазкур асосан ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ машғул аст.

Гуфта мешавад, маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту васоити техникӣ равона гардидааст.

Зикр мегардад, ки терминали нав дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯй ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосӣ 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои  35 нафар бо шароитҳои олӣ ва миёна мавҷуд аст.

Дар як қисмати терминал нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам бунёд гардида, дар маҷмуъ бо оғози фаъолияти терминали мусофирбарӣ аз 35 то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти ширкати «Озод интернейшнл» нақша дорад, ки оянда бо васеъ намудани ҳудуди терминал ва бунёди иншооти иловагии хизматрасонӣ, шумораи зиёдтари сокинонро соҳиби ҷойи кор намояд.

Аз терминали мусофирбарии «Озод транс» тибқи нақша мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт  ба сафар мебароянд, истифода мекунанд.

Дар баробари ин оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасоанд, аз ҳамин маҳал сарчашма мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...