ВАО: Гумонбарони боздоштшуда ба амали террористӣ дар Маскав тоҷиконанд

Суди Лефортовои шаҳри Маскав се нафар гумонбарон ба омода кардани амали террористӣ дар пойтахти Русияро ба ҳабс гирифт. Бино ба маълумоти ТАСС, Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то 11 октябр дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Давронзода ва Бурҳонов ба гуноҳашон иқрор шуда, Хоҷиев айбдориашро эътироф накардааст, менависад Лента.ру. Хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба […]

Asia-Plus

Суди Лефортовои шаҳри Маскав се нафар гумонбарон ба омода кардани амали террористӣ дар пойтахти Русияро ба ҳабс гирифт.

Бино ба маълумоти ТАСС, Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то 11 октябр дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Давронзода ва Бурҳонов ба гуноҳашон иқрор шуда, Хоҷиев айбдориашро эътироф накардааст, менависад Лента.ру.

Хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба маводи дар суд садодода иттилоъ медиҳад, ки ҳар се боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар бораи ҳабси нафари чоруми гумонбаршуда алҳол маълумот дастрас нест.  Ҳамчунин метавон ба чунин хулоса расид, ки ӯ шаҳрванди Русия аст, зеро Хадамоти федералии амният қаблан дар бораи боздошти гурӯҳи иборат аз 1 нафар русиягӣ ва 3 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд. Ному насаби русиягии боздоштшуда зикр намешавад.

Тибқи маълумоти хадамоти махсус, ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо истифода аз бомбаҳои пуриқтидор содир намудани як силсила амалҳои террористӣ дар Маскавро тарҳрезӣ намудааст. Ба ҳайати гурӯҳ ду террористи маргталаб, мутахассиси тайёр кардани дастгоҳҳои тарканда ва фиристода (эмиссар)-и «Давлати исломӣ» (фаъолияташ дар Русия манъ аст), ки фаъолияти онҳоро назорат мекардааст, шомил будаанд.

Хадамоти федералии амнияти Русия навори фавран сабтшудаи боздошти 4 нафар гумонбаршудагон ба терроризмро мунташир кардааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии РЕН ТВ.

Дар навор корманди фаврӣ зимни баҳодиҳӣ ба маводи тарканда аз боздоштшудагон изҳор мекунад, ки дар он маводи таркандаи пурхатар ошкор карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.