Энергетикҳо ҳамасола қиматшавии барқро тасдиқ накарданд

Энергетикҳои тоҷик маълумот дар бораи марҳила ба марҳила 30 фоиз болоравии тарифҳо ба нерӯи барқро барои аҳолӣ муддати 4 соли наздик тасдиқ накарданд. «Воқеан ҳам тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқ хеле пастанд ва мо ба ҷиҳати давра ба давра болоравии онҳо ниёз дорем, аммо доир ба ин масъала аз ҷониби ҳукумат алҳол ягон қароре қабул […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Энергетикҳои тоҷик маълумот дар бораи марҳила ба марҳила 30 фоиз болоравии тарифҳо ба нерӯи барқро барои аҳолӣ муддати 4 соли наздик тасдиқ накарданд.

«Воқеан ҳам тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқ хеле пастанд ва мо ба ҷиҳати давра ба давра болоравии онҳо ниёз дорем, аммо доир ба ин масъала аз ҷониби ҳукумат алҳол ягон қароре қабул нашудааст», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ширкати «Барқи тоҷик».

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ низ ин маълумотро тасдиқ накарда, таъкид доштанд, ки «алҳол чунин ният надоранд».

Дар ҳамин ҳол, чанде аз ВАО бо истинод ба Вазорати энергетика ва барномаи аз ҷониби ҳукумат маъқулшуда хабар доданд, ки нархи барқ имсол – 7%, муддати ду соли оянда – 8% ва соли 2020 – 10% боло меравад.

Ҳамчунин тибқи ин барнома, болоравии тарифҳои истифодаи барқ барои дигар дараҷаҳои истеъмолгарон дар соли 2018 ба андозаи – 9,8%, соли 2019 – 8,4% ва соли 2020 – 15% пешбинӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки болоравии ояндаи тарифҳо ба истифодаи барқ танҳо ба Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дахл нахоҳад дошт.

Қаблан чанде аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба ҳукуматдорони тоҷик боло бурдани тарифҳои барқ «барои банақшагирии минбаъдаи қарорҳои аз нигоҳи молиявӣ устувор баҳри ҳаллу фасли буҳрони энергетитикӣ дар кишвар»-ро тавсия дода буданд.

Охири моҳи июли соли равон сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки гурӯҳи кории ҳукумат пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик» доир ба тағйири тарифҳои истифодаи барқро баррасӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.