Зинаи дуюми Сабринаи 10-сола дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот

Чемпионати имсолаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Панҷакент доир гардид, бо пирӯзии Суҳроб Ҳамдамов ва Мутриба Ҳотамӣ ба итмом расид. Тавре ки интизорӣ мерафт, дар мусобиқа байни занон Мутриба Ҳотамӣ аз 11 холи имконпазир 11 хол касб карда, зинаи аввалро ишғол намуд. Натиҷаи ғайриинтизор дар ин мусобиқа зинаи дуюмро ишғол намудани Сабрина Абророваи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Чемпионати имсолаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Панҷакент доир гардид, бо пирӯзии Суҳроб Ҳамдамов ва Мутриба Ҳотамӣ ба итмом расид.

Тавре ки интизорӣ мерафт, дар мусобиқа байни занон Мутриба Ҳотамӣ аз 11 холи имконпазир 11 хол касб карда, зинаи аввалро ишғол намуд.

Натиҷаи ғайриинтизор дар ин мусобиқа зинаи дуюмро ишғол намудани Сабрина Абророваи 10-сола мебошад, ки дар мактаби рақами 55-и пойтахт таҳсил мекунад. Ӯ бори аввал дар мусобиқа миёни калонсолон иштирок карда, аз 11 холи имконпазир 10 хол ба даст овард. Бо касби 8,5 хол дар зинаи сеюми мусобиқа миёни занон Сарвиноз Каримова қарор гирифт.

Дар қувваозмоиҳо миёни мардон Суҳроб Ҳамдамови соҳибтаҷриба 9 хол ба даст оварда, бори навбатӣ пирӯз дониста шуд. Зинаи дуюму сеюмро бо 8,5-холӣ Амин Қобилов ва Алишер Каримов ишғол намуданд.

Бино ба иттилои ноиби президенти Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, ба наздикӣ шоҳмотбозони тоҷик дар мусобиқаи Фестивали бозиҳои миллии Тоҷикистон дар Душанбе (7-9 сентябр) ва Бозиҳои Осиё дар биноҳои пӯшида дар Ашқобод (Туркманистон, 17-17 сентябр) иштирок мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.