Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА генерал-лейтенант Майкл Гарретт ба Душанбе ташриф меорад; – Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик иборат аз 185 нафар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мешавад; – Бозиҳои футбол: КМВА «Помир» – «Вахш» (Варзишгоҳи марказии Душанбе) ва «Ваҳдат» – «Хуҷанд» (варзишгоҳи КМВА […]

Asia-Plus

АНОНС

– Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА генерал-лейтенант Майкл Гарретт ба Душанбе ташриф меорад;

– Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик иборат аз 185 нафар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мешавад;

– Бозиҳои футбол: КМВА «Помир» – «Вахш» (Варзишгоҳи марказии Душанбе) ва «Ваҳдат» – «Хуҷанд» (варзишгоҳи КМВА «Помир»). Оғози бозиҳо соати 17:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8116 сомонӣ;

1 евро – 10.3448 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1447 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2006 — Президенти Тоҷикистон ба унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Сочии Русия сазовор дониста шуд.

2011 — Дар ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон пули чорум дар болои дарёи Панҷро ифтитоҳ намуд, ки Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам пайваст.

1933 – Зодрӯзи журналист Бахтибек Асалбеков.

1952-1998 – Мавлуди рӯзноманигор Бӯстон Шакурӣ.

1964 – Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Раҳим Азимов.

1974 – Мавлуди қаҳрамони ҷаҳон Раҳимқул Малахбеков.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.