ВАО: Аслиҳаи дар Маскав дарёфтшуда ба гумонбарони тоҷик тааллуқ надорад

Asia-Plus

Аслиҳаву муҳимоте, ки шоми 14 январ дар яке аз гаражҳои шарқи Маскав дарёфт шуд, ба гумонбарони содир кардани амалҳои террористии ҳамон рӯз боздоштшуда мансуб нест.

Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, ки дар пинҳонгоҳ таппончаву норинҷакҳо ва муҳимоти қутри гуногун дарёфт шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳамаи силоҳу муҳимоти дарёфтшуда ба ташхис фиристода мешавад.

Шоми рӯзи 14 август як манбаи «Интерфакс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки дар минтақаи шарқи шаҳри Маскав пинҳонгоҳи бузурги аслиҳа ошкор шудааст, ки метавонад ба ҷангиёни ҳамон рӯз боздоштшуда тааллуқ дошта бошад. Автомату таппонча ва тирҳо дар яке аз гаражҳои ноҳияи Голяново дарёфт шудааст.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи наздиикии шаҳри Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия боздошт шуданд. Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев ба гумони тарҳрезии амалҳои террористӣ дар нақлиёт ва марказҳои савдои шаҳри Маскав боздошт шуданд. Ному насаби шаҳрванди Русия зикр намегардад.

Тавре Хадамоти федералии амният хабар дода буд, гумонбаршудагон содир намудани амалҳои террористиро бо истифода аз маргталабон ва бомбаҳои пуриқтидор тарҳрезӣ карда буданд. Тибқи маълумоти ин ниҳод, ба фаъолияти ҷангиёни дастгиршуда фиристода (эмиссар)-и Давлати исломӣ роҳбарӣ ва назорат мекард.

Худи ҳамон рӯз Суди Лефортовои шаҳри Маскав се нафар гумонбарон ба омода кардани амали террористӣ дар пойтахти Русияро ба ҳабс гирифт. Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то 11 октябр дар ҳабс қарор хоҳанд дошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, аз ҳамтоҳои русиягии худ дар ин хусус маълумот дастрас кардаанд.

«Алҳол мо шахсияти боздоштшудагонро муайян карда истодаем, – гуфт котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ. – Дар ин самт мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамкорӣ дошта, айни замон даст доштани ин шахсон ба ташкили амалҳои террористӣ дар Маскав муайян карда мешавад. Мо дар даст оид ба ин масъала маълумот дорем, вале ба хотири халалдор накардани ҷараёни тафтишот, аз ифшои он худдорӣ мекунем».

Қаблан ВАО-и Русия итиилоъ дода буданд, ки ду нафар аз боздоштшудагон ба гуноҳашон иқрор шуда, Давлатёр Ҳоҷиев айбашро ба гардан нагирифтааст. «Маро даъват карданд (ба омодасозии амалҳои террористӣ), вале ман нарафтам», – гуфтааст ӯ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...