Қиматшавии алюминий дар ҷаҳон ва афзоиши истеҳсолот дар ТАЛКО

Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳамарӯза ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикисион аст, зиёд мекунад ва ба ин кор омилҳои зиёде, аз ҷумла болоравии арзиши металл дар бозорҳои ҷаҳонӣ боис гардидааст. «Айни замон мо барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то охири сол ноил гардидан ба истеҳсоли ҳаҷмҳои пешбинишуда тамоми захира ва имконотро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳамарӯза ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикисион аст, зиёд мекунад ва ба ин кор омилҳои зиёде, аз ҷумла болоравии арзиши металл дар бозорҳои ҷаҳонӣ боис гардидааст.

«Айни замон мо барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то охири сол ноил гардидан ба истеҳсоли ҳаҷмҳои пешбинишуда тамоми захира ва имконотро дорем», – гуфт роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов.

Ширкат қаблан то охири сол истеҳсоли ҳудуди 150 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба нақша гирифта буд. «Мо алҳол ин нишондиҳандаҳои пешгӯишударо тағйир доданӣ нестем», – иброз дошт Сатторов.

«Барои тадриҷан афзудани истеҳсоли металл омилҳои зиёлде мавҷуданд, аз ҷумла ба таври назаррас беҳтар гардидани таъминот бо ашёи хом, роҳандозии мустақилона истеҳсол кардани фтористи алюминий ва криолит, ки барои истеҳсоли алюминии аввалия таркибҳои асосӣ маҳсуб меёбанд», – қайд кард намояндаи ТАЛКО.

Ӯ зикр кард, ки дар афзоиши истеҳсоли маҳсулот болоравии нархҳо ба алюминий низ нақши муҳим дорад. Мувофиқи маълумоти Биржаи металлҳои рангаи Лондон (LME), имрӯз, 16 август қурби фурӯши алюминий 2029 доллар барои 1 тоннаро ташкил додааст.

Дар маҷмӯъ, таъкид дошт Игор Сатторов, таҳлилгарон болоравии нархи алюминийро дар ду соли оянда пешгӯӣ мекунанд ва «мутаносибан ТАЛКО  низ истеҳсоли маҳсулотро зиёд мекунад».

Номбурда қайд кард, ки ТАЛКО ҳанӯз соли гузашта ба кор даровардани 100 ваннаи нави электролизиро дар нақша дошт, вале садамаи охири моҳи октябри соли гузашта дар изоми энергетикии кишвар ба ин монеъа эҷод карда, бар асари он беш аз 40 электролизер корношоям шуд ва ҳаҷми зиёнаи расида ба ТАЛКО-ро Вазорати саноат ва технологияҳои нав 8 млн. доллар арзёбӣ намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ТАЛКО 49,5 ҳазор (январ-июни соли 2016 – 73,5 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3 фоиз камтар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.