Президент дар ҷануби кишвар дидбонгоҳи сарҳадӣ ва зеристгоҳи барқиро ифтитоҳ кард

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Ҷайҳун нахуст бо ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи нави барқии «Геран-2» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи мазкур дар доираи лоиҳаи «Минтақавии интиқоли неруи барқ» дар асоси Созишномаи грантӣ, ки 16 сентябри соли 2010 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё ба имзо расидааст, бунёд гардид.

«Дар зеристгоҳи нави «Геран-2» бинои идоракунии назоратӣ бунёд гардидааст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамаи дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд, – қайд мешавад дар хабар. – Мақсади асосии сохтмони зеристгоҳи нави «Геран-2», ин пеш аз ҳама, васеъ ва таҷдид намудани системаи интиқоли барқи қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои савдои минтақавии неруи барқ мусоидат менамоянд».

Гуфта мешавад,  аз тарафи дигар ин иншооти муосир дар паст кардани талафоти қувваи барқ ва беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мебошад.

Зеристгоҳи нави «Геран-2»-и ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 7 гектар доман густурда, барои бунёди он дар маҷмӯъ беш аз 21 миллиону 500 ҳазор доллар сарф шудааст. Ду хати интиқоли барқи 220 (кВ) киловолтаи зеристгоҳи нави «Геран-2» бо Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда 1» ва як хати интиқоли барқӣ 220 (кВ) киловолта бо зеристгоҳи «Колхозобод» пайваст мебошанд.

Ҳамчунин хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ ва як хати интиқоли барқи 110 кВ неруи барқ аз зеристгоҳи нави «Геран-2» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон неруи барқи истеҳсоли ҷониби Тоҷикистонро содирот мекунанд.

Таъкид шуд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур эътимоднокии таъминоти барқ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Румӣ бештар хоҳад гардид.

Дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуд.

Иншооти нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» бо маблағгузории ҶСК «Сементи тоҷик» дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар бинои асосии он утоқҳои корӣ барои афсарон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шудааст.

Ҳамчунин дар ин дидбонгоҳ ошхонаи кушоду барҳаво, майдони сафороӣ, ду майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, ҷойи покиза кардани либос, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ, сару либос, мошинсарой, ҷойи нигоҳдории сагҳои хизматӣ, аспхона, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта шудаанд.

Дар ҳудуди дидбонгоҳи мазкур инчунин як бинои истиқоматии дорои хонаҳои як ва ду ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он афсарон бо оилаҳои худ истиқомат менамоянд. Дар ҳавлии бинои мазкур барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ як майдончаи бозии кӯдакона низ бунёд гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...