Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,3%-ро ташкил дод

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолиии Тоҷикистон тӯли 7 моҳи соли равон 6,3%-ро ташкил дода, бештар ба таври қобили мулоҳиза нархи маҳсулоти ғизоӣ ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ боло рафтанд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ – 8,5%, маҳсулоти ғайриғизойӣ – 1,6% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – […]

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолиии Тоҷикистон тӯли 7 моҳи соли равон 6,3%-ро ташкил дода, бештар ба таври қобили мулоҳиза нархи маҳсулоти ғизоӣ ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ боло рафтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ – 8,5%, маҳсулоти ғайриғизойӣ – 1,6% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 6,5% қимат шуданд.

Ҳамин тариқ, сатҳи моҳонаи таваррум дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 0,9%-ро ташкил дод.

Аз маҳсулоти хӯрокворӣ бештар пиёз, сабзӣ, карам, лӯбиё, картошка, гӯшти гов ва шакар қимат шуда, дар баробари ин помидору бодиринг, себ, тухм, биринҷ ва шир арзон шуд.

Болоравии нархи маҳсулоти ғайриғизоӣ асосан ба гарон шудани бензин (21%) ва гази моеъ (13,1%) вобаста буда, дар ҳамин ҳол, поинравии нархҳо ба семент ва хишт ба қайд гирифта шудааст.

Ба болоравии нархи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ асосан афзоиши нархи сафар тариқи ҳавопаймо (2,3 баробар) ва ҳамчунин хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва амбулаторӣ (қабули беморон) мусоидат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол поинравии нархи сафар тариқи роҳи оҳан ба қайд гирифта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон сатҳи таваррум то охири солро дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1% ва сатҳи миёнаи моҳонаи он – 0,5%-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.