Машҳуртарин твити Обама оид ба ҳодисаҳои Шарлотсвилл

Твити президенти пешини ИМА Барак Обама баъди задухӯрдҳои шаҳри Шарлотсвилли аёлати Вирҷиния машҳуртарин дар таърихи ин шабака шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Обама дар навиштааш аз нахустин президенти сиёҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела иқтибос овард, ки онро ҳудуди се миллион одам писандиданд. "Ҳеч кас бо бадбинӣ ба инсони дигар барои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Твити президенти пешини ИМА Барак Обама баъди задухӯрдҳои шаҳри Шарлотсвилли аёлати Вирҷиния машҳуртарин дар таърихи ин шабака шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Обама дар навиштааш аз нахустин президенти сиёҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела иқтибос овард, ки онро ҳудуди се миллион одам писандиданд.

"Ҳеч кас бо бадбинӣ ба инсони дигар барои ранги пӯст, нажод ё динаш зода нахоҳад шуд", – навишт раҳбари пешини Кохи сафед.

Дар шаҳри Шарлотсвилл 12 август миёни ростгароён ва чапгароён задухӯрд ба миён омад. Ҳангоми бетартибиҳо ба анбӯҳи мухолифони миллатгароён бо мошин ҳамла шуд, ки дар натиҷа як зан ҷон дода, даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар аввал задухӯрдро маҳкум карда, дар он ҳамаи ҷонибҳоро айбдор кард, ки норозигиҳоро ба бор овард. Трамп гуфт, гуруҳи ростгаро барои роҳпаймоӣ иҷозат гирифта буданд. Вале мухолифони онҳо иҷозат надоштанд ва ба гуфтаи ӯ, бисёр хашмгин рафтор карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.