Ронандагони масти гунаҳкор ба садама 15 сол ҷазо мегиранд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуд, ки мувофиқи он масъулияти ронандагон зиёд мешавад.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода, аз оғози ол то 20 август дар роҳҳои мошингарди кишвар беш аз 15 ҳазор ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 5 ҳазор нафар ҳалок ва ҳудуди 18 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазир изҳор намуд, ки дар ин садамаҳо беш аз 2,5 ҳазор нафар ронандагоне, ки шаҳодатномаи ронандагӣ надоштанд ва боз 1,7 ҳазор нафар ронандагони сархуш аз истеъмоли шароб низ гунаҳкоранд.

«Бо назардошти ин вазъ аз ҷониби Президент ба санадҳои қонунгузории зикршуда тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд, ки ба сангинтар шудани масъулияти ронандагон нигаронида шудааст», – иброз дошт ӯ.

Аз ҷумла, ба моддаҳои ҷудогонаи Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйироте ворид шудааст, ки тибқи он аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардан аз 2 то 10 сол зиёд шуда, ҷазоҳои пешбинишуда сангинтар мешавад.

Масалан, агар пештар барои идораи автомашина дар ҳолати сархушӣ аз шароб маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 2 сол пешбинӣ мешуд, пас тибқи тағйироти нав барои ин амал акнун ҷарима дар ҳаҷми сесад нишондиҳандаи ҳисоб (15 ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин барои идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ низ муҷозоти ҷарима аз 3-5 нишондиҳандаи ҳисоб (150-250 сомонӣ) то ба 250 нишондиҳандаи ҳисоб (12500 сомонӣ) афзуда шудааст.

Агар дар Кодекси амалкунанда барои идораи автомашина бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ аз шароб ҷарима дар ҳаҷми 50-70 нишондиҳандаи ҳисоб (2500-3000 сомонӣ) пешбинӣ мешуд, пас баъди қабули тағйирот ҷарима 400 нишондиҳандаи ҳисоб (20 ҳазор сомонӣ) муқаррар шудааст. Барои такроран содир кардани ин амал баъди таъини ҷазои маъмурӣ, шахс ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб мешавад.

Барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги одам мешавад ё ба саломатии ӯ зарари вазнин мерасонад, ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол ва манъи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти ҷудогона ба муҳлати 10 сол пешбинӣ шудааст.

Агар чунин амал боиси марги 2 нафар ё зиёда аз ин шахсон гардад, ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол ва манъи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти ҷудогона ба муҳлати аз 10 то 20 сол пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, муҷозоти идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ дар муддати 1 соли баъди анҷоми муҳлати ҷазо сангинтар шуда, маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ва ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1000 нишондиҳандаи ҳисоб (аз 15 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) муқаррар гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...