Донишҷӯёни ба дарс бо мошин меомада хориҷ мешаванд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйиру илова ба як қатор қонунҳои марбут ба соҳаи маорифро маъқул шуморид, ки мувофиқи он ба хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён омадан ба дарс бо автомашина манъ мешавад. Дар сурати риоя накардани муқаррароти ин қонун, хонандагону донишҷӯён аз муассисаи таълимӣ хориҷ шуда, дар муддати кӯтоҳ ба барқарор шудан дар таҳсил ҳуқуқ […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйиру илова ба як қатор қонунҳои марбут ба соҳаи маорифро маъқул шуморид, ки мувофиқи он ба хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён омадан ба дарс бо автомашина манъ мешавад.

Дар сурати риоя накардани муқаррароти ин қонун, хонандагону донишҷӯён аз муассисаи таълимӣ хориҷ шуда, дар муддати кӯтоҳ ба барқарор шудан дар таҳсил ҳуқуқ надоранд.

Зимни шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилон изҳор намуд, ки барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз макотиби олӣ ба муҳлати се сол ва толибилмони коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳо ба муддати як сол аз муассисаҳо хориҷ карда мешаванд.

Вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, дархост намуд, ки мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳои мазкурр ҷиддӣ зери назорат гирад.

«Тағйиру иловаҳои қабулшуда ба донишҷӯён ҳозир шудан ба дарс бо автомашинаро манъ мекунанд, вале дар дигар ҳолатҳо мо ба донишҷӯён сари рули автомашина нишастанро манъ намекунем ва кормандони БДА бояд инро ба инобат гиранд», – иброз дошт вакил.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.