Барои сохтмони бинои ҳукумату парлумон ҳамаро худи Чин меорад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Чинро дар бораи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд. Дар ҷаласаи парлумон қайд шуд, ки аз ҷониби парлумон тасдиқ шудани Ёддоштро, ки мантиқан танҳо ният асту барои иҷро ҳатмӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Чинро дар бораи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.

Дар ҷаласаи парлумон қайд шуд, ки аз ҷониби парлумон тасдиқ шудани Ёддоштро, ки мантиқан танҳо ният асту барои иҷро ҳатмӣ нест, ҷониби Чин исрор варзидааст.

Ба гуфтаи раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, ҳалли масъалаи ҷудо кардани воситаҳо барои бунёди чунин иншооти бузург дар Душанбе зимни сафари қарибулвуқӯъи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ниҳоӣ хоҳад шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор кард, ки мутобиқи ёддошт, Чин барои сохтмони ин иншоотҳо ҳудуди 1,5 млрд. юан (наздики 230 млн. доллар) маблағ ҷудо карданист.

Маҷмааи ояндаи парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ қомат меафрозад.

Бино ба маълумоти дар парлумон зикршуда, Чин интиқоли техникаи сохтмонӣ, масолеҳ ва мутахассисон ва Тоҷикистон – озодкунии воридоти ин маводу масолеҳ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукиро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ба таҳияи лоиҳаи биноҳои нав бо назардошти андешаи мутаххассисони Чин низ вазифадор мешавад.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин қайд кард, ки лоиҳаи биноҳо ҳоло комилан тасдиқ нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.