Тиллерсон: Русия ба ҳаракати Толибон аслиҳа медиҳад

Рекс Тиллерсон, котиби давлатии ИМА, шоми 22 август гуфт, ки Кремл ба намояндагони ҳаракати Толибон дар Афғонистон аслиҳа медиҳад. Ин ҳаракат аз сӯи СММ террористӣ эътироф шудааст. ​"Русия ба толибон аслиҳа медиҳад. Возеҳ аст, ки ин нодида гирифтани меъёрҳои байналхалқӣ ва меъёрҳои Шӯрои Амнияти СММ аст. Мо бе чуну чаро ба ин кор зиддият мекунем […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Рекс Тиллерсон, котиби давлатии ИМА, шоми 22 август гуфт, ки Кремл ба намояндагони ҳаракати Толибон дар Афғонистон аслиҳа медиҳад. Ин ҳаракат аз сӯи СММ террористӣ эътироф шудааст.

​"Русия ба толибон аслиҳа медиҳад. Возеҳ аст, ки ин нодида гирифтани меъёрҳои байналхалқӣ ва меъёрҳои Шӯрои Амнияти СММ аст. Мо бе чуну чаро ба ин кор зиддият мекунем ва таваҷҷуҳи Русияро ҷалб кардан мехоҳем. Агар ҳар кӣ мехоҳад ба Афғонистон аслиҳа диҳад, бояд ин корро тавассути ҳукумати он кишвар ба иҷро расонад", – афзудааст Тиллерсон.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ,  котиби давлатии ИМА гуфт, ки кишвараш аз гуфтугӯҳои Кобул бо толибон барои қатъи ҷанг дар минтақа пуштибонӣ мекунад. Ҳатто дар сурате, ки ба толибон пирӯз шудан имкон надошта бошад, роҳи ҳалли сиёсӣ пайдо хоҳад шуд, гуфт вай.

Дар бораи он ки Русия дар Афғонистон фаъолона амал мекунад, ибтидои соли ҷорӣ хабар расид. Он замон вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, "Толибон" – дар Афғонистон нерӯе ҳастанд, ки бояд мадди назар бошанд ва ба ин тартиб қонунӣ будани ин сохторро эътироф кард.

Вазорати хориҷии Русия то ин замон ба гуфтаҳои Тиллерсон вокуниш нишон надодааст. Пештар аз ин низ Кремл додани аслиҳаро ба толибон рад мекард. Аммо Русия ба ҳукумати Афғонистон силоҳ медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.