Боз 3 соли зиндон ба Бузургмеҳр Ёров барои таҳқири Пешвои миллат

Пайвандону наздикони адвокат танҳо ҳамин рӯз огоҳ шуданд, ки ҳафтаи гузашта мувофиқи парвандаи ҷиноии ахир нисбати Бузургмеҳр Ёров ҳукм содир шудааст. Барои таҳқири Пешвои миллат ва қаллобӣ Ёров боз ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда, адвокат дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Ба наздикони Ёров дар бораи аллакай содир шудани ҳукм […]

Пайвандону наздикони адвокат танҳо ҳамин рӯз огоҳ шуданд, ки ҳафтаи гузашта мувофиқи парвандаи ҷиноии ахир нисбати Бузургмеҳр Ёров ҳукм содир шудааст.

Барои таҳқири Пешвои миллат ва қаллобӣ Ёров боз ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда, адвокат дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба наздикони Ёров дар бораи аллакай содир шудани ҳукм имрӯз, 23 август хабар додаанд, ҳарчанд пештар ба онҳо гуфтаанд, ки ҷаласаи суд имрӯз доир мегардад. «Ҳеҷ касе моро огоҳ накардааст, ки ҳафтаи гузашта дар суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳукм эълон мешавад», – гуфтанд хешони адвокат.

Қобили зикр аст, ки қаблан прокурор аз суд дархост намуда буд, ки Ёров барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат ба 17 соли зиндон маҳкум карда шавад. Мурофиаи судӣ нисбати Бузургмеҳр Ёров пушти дарҳои пӯшида гузашт.

Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Ҳабс баъди тасмими ӯ доир ба ҳимояи манфиатҳои аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки таҳти тафтишот қарор доштанд, сурат гирифт.

Баъдтар адвокатро боз мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла «даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ» айбдор карданд.

Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябри соли гузашта адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, қаллобӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Моҳи марти соли равон Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ – ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд.

Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.