Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) дар мавзӯи ҳифз ва нигаҳдории бабрҳои барфӣ бо иштироки актёри Голливуд Леонардо ди Каприо Форуми байнулмилалӣ идома дорад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат меварзанд; – Дар Душанбе мусобиқаи теннис миёни наврасони 14-16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ҷараён дорад, ки то 27 август идома ёфта, дар он […]

АНОНС

– Дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) дар мавзӯи ҳифз ва нигаҳдории бабрҳои барфӣ бо иштироки актёри Голливуд Леонардо ди Каприо Форуми байнулмилалӣ идома дорад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат меварзанд;

– Дар Душанбе мусобиқаи теннис миёни наврасони 14-16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ҷараён дорад, ки то 27 август идома ёфта, дар он варзишгарони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркия иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8065 сомонӣ;

1 евро – 10.3926 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1460 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1990 — Дар иҷлосияи II-уми Шӯрои Олии ИҶШС Декларатсия «Дар бораи истиқлолияти давлатии ҶШС Тоҷикистон» қабул шуд, ки мутобиқи он Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол ва шаҳри Душанбе пойтахти он эълон шуд.

1992 – Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев аз силоҳи оташфишон парронида шуд.

2014 — Дар Чин бузургмиқёстарин тайи 10 соли ахир тамринҳои зиддитеррористии СҲШ «Рисолати сулҳовар – 2014» (Мирная миссия – 204»  баргузор шуд.

1908 – Зодрӯзи олими бахши физика, президенти Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1957-1964) Султон Умаров.

1929-1961 – Мавлуди нависанда Пӯлод Толис.

1929 – Зодрӯзи оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Шарофиддин Сайфиддинов.

1932-2007 – Мавлуди олими бахши кимиё, академик Юсуф Носиров.

1935 – Зодрӯзи тарҷумон Нусур Холмуҳаммадов.

1940 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тамара

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +78+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.