Моҳи оянда бо назардошти рӯзҳои иду истироҳат сокинони Тоҷикистон 11 рӯз истироҳат мекунанд.
Рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана дар ҷумҳурӣ рӯзи ғайрикорӣ эълон шудааст. Санаҳои 2 ва 3 сентябр рӯзҳои истироҳат мебошанд.
Ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон низ санаи 9 сентябр таҷлил гардида, имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд ва аз ин рӯ, рӯзи кории душанбеи ҳафтаи оянда низ рӯзи истироҳат мешавад.
Ҳамин тариқ, моҳи сентябри соли равон барои тоҷикистниён санаҳои 1, 2, 3, 9, 10, 11, 16, 17, 23, 24 ва 30 сентябр рӯзҳои истироҳат мебошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


