Ҷадвали парвози ҳавопаймо аз Тошканд ба Душанбе тағйир ёфт

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон – “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” ҷадвали парвозро ба хатсайри самти Тошканд – Душанбе – Тошканд тағйир дод. «Парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр аз 2 то 30 сентябри соли равон рӯзҳои шанбеи ҳафта тариқи ҳавопаймои бароҳату муосири тамғаи А320 анҷом дода мешавад», – зикр мегардад дар хабари сомонаи ширкат. Ёдрас мекунем, ки парвози […]

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон – “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” ҷадвали парвозро ба хатсайри самти Тошканд – Душанбе – Тошканд тағйир дод.

«Парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр аз 2 то 30 сентябри соли равон рӯзҳои шанбеи ҳафта тариқи ҳавопаймои бароҳату муосири тамғаи А320 анҷом дода мешавад», – зикр мегардад дар хабари сомонаи ширкат.

Ёдрас мекунем, ки парвози нахустин тариқи ин хатсайр санаи 11 апрели соли равон сурат гирифта, ширкати ӯзбекистонӣ ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ин парвозҳоро анҷом медод, вале баъдан танҳо як парвоз рӯзи сешанбе сурат мегирифт.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сабаби камшавии шумори парвозҳо тавассути ин хатсайрро кам будани мусофирон унвон кард ва қаблан дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ҳамин сабабро зикр карда буданд.

Парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистонро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид, вале ҳоло ин парвозҳо оғоз нагардидааст.

«Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо омодагӣ гирифта, ба корҳои сабти намояндагии худ дар Тошканд машғул аст ва агар талаботи кофии мусофирон пайдо шавад, шояд ширкат ба анҷоми парвозҳо оғоз намояд», – гуфта буд вазир.

Қобили зикр аст, ки арзиши билет ба самти Тошканд 140 долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.