Пӯшидани либоси миллӣ дар тӯю маъракаҳо ҳатмӣ мешавад?

Парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, боби 4, прим. 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, боби 4, прим. 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи МН оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шарҳи танзими либоси шаҳрвандон дар қонун гуфт, ки дар ин қонун ҷазо барои нақзи ин ӯҳдадорӣ пешниҳод нашудааст.

Дар ояндаи наздик, ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ҳукумати Тоҷикистон «як низомнома таҳия ва меъёрҳои мушаххасро муайян кунад». Ҳилолбӣ Қурбонзода ворид кардани меъёри либоси миллӣ дар қонуни танзимро як амри зарурӣ хонд ва гуфт, ки бояд ҳама аъзои ҷомеаи Тоҷикистон зидди пӯшидани либоси барои фарҳанги миллӣ бегона иқдом кунанд.

Дар овоздиҳии ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, ки бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар шарту шароити баргузории бархе маросимҳои суннатӣ ва буҷаи ин маъракаҳо таҳрир ворид шуд.

Аз ҷумла, вакилон розӣ шуданд, ки забҳи чорвои калон ва додани таъом дар маъракаи азодории "ҳафту чилу сол" манъ манъ шавад ва маросимҳои хатнасури кӯдакон бе овозхонҳову ҳунармандон баргузор шавад.

Маъракаи «ҳоҷизиёрат», ки баъди аз маконҳои муқаддас баргаштани зоирон барпо мешуд, ҳамчунин манъ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.