Маълумоти ВКД доир ба ҷузъиёти ҳодисаи кордкашӣ назди мағозаи «Baby Shop»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодиса кордкашии ҷавононро назди мағозаи «Baby Shop» шарҳ дод. Тибқи маълумоти ВКД, онҳо бо корду таппончаи пневматикӣ мусаллаҳ будаанд. Ба гумони даст доштан дар авбошӣ бо истифода аз силоҳ се нафар ҷавонон – Афғон Саидови 19-сола, бародарӣ ӯ Саидавлиё Саидови 17-сола ва Суҳроб Бақоеви 20-сола боздошт шудаанд. Дар гузориши телевизионии […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодиса кордкашии ҷавононро назди мағозаи «Baby Shop» шарҳ дод. Тибқи маълумоти ВКД, онҳо бо корду таппончаи пневматикӣ мусаллаҳ будаанд.

Ба гумони даст доштан дар авбошӣ бо истифода аз силоҳ се нафар ҷавонон – Афғон Саидови 19-сола, бародарӣ ӯ Саидавлиё Саидови 17-сола ва Суҳроб Бақоеви 20-сола боздошт шудаанд.

Дар гузориши телевизионии ВКД дар шабакаи «Тоҷикистон» қайд шуд, ки ҷанҷол аз муноқиша миёни Афғон Саидов ва Суҳроб Бақоев сар зада, сипас Афғон ва Саидавлиёи мусаллаҳ бо корду таппончаи пневматкиӣ назди мағозаи «Baby Shop» меоянд.

Бақоев низ танҳо наомада, миёни ҷавонон занозанӣ сар мешавад, ки бар асари он Саидавлиё сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакиро захмӣ мекунад. Ҷабрдида бо якчанд захми корд дар бемористон бистарӣ мешавад.

Тибқи маълумоти ВКД, баъдан ҷавонон ҷойи ҳодисаро тарк намуда, Афғон Саидов корди дасти бародарашро гирифта, ба партовхонаи пушти ҳайкали Сино мепартояд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел алайҳи бародарон Саидовҳо ба иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.