Саргардонии зойирини тоҷик дар водии Мино

Asia-Plus

Даҳҳо нафар зойирин аз Истаравшану Панҷакент баъди бозгашт аз кӯҳи Арафот зери ҳавои кушод монданд. Чизҳои онҳоро аз хаймаҳо берун партофта буданд.

Навори видео доир ба чӣ гуна чизҳояшонро ҷустуҷӯ кардани зойирини тоҷикро Абдуллоҳи Низом мунташир кардааст.

Котиби матбуотии Кумитаи дин Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мавриди ҷойгиркунии зойирин бесарусомонӣ рух додааст. «Ширкати масъул ба ҷойгиркунии зойирини Арабистони Саудӣ дар муайян кардани хаймаҳои зойирини тоҷику ӯзбек ба иштибоҳ роҳ дода, хоҷиёни моро дар хаймае ҷой додаанд, ки дар он бояд шаҳрвандони Ӯзбекистон ҷой мегирифтанд. Масъалаи ҷойгиркунии шаҳрвандони мо базудӣ ҳал шуд», – гуфт намояндаи Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бори аввал нест, ки зойирини тоҷик дар мавриди ҷойгиршавиашон шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, маъмулан меҳмонхонаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони мо иқомат мекунанд, дар ҷойи дур ва нобоб ҷойгир шудаанд. Бархе аз хизматрасонии роҳбаладон низ норозигӣ изҳор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...